Пайвандҳои дастрасӣ

Боғи Душанбе соҳиби ду фил ва баҳмут хоҳад шуд


Назаралӣ Сатторов, мудири боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе гуфтааст, ки имсол Ҳиндустон ба ин боғ ду филро тӯҳфа хоҳад кард. Интизор меравад, аз Русия низ ба зоопарки Душанбе чанд бузи сайд биоранд. Аммо бузургтарин дастоварди боғи ҳайвоноти пойтахти Тоҷикистон дар соли 2010 бояд баҳмут шавад, вале Назаралӣ Сатторов гуфтааст, ҳарчанд тавофуқ дар ин маврид ҳосил шудааст, вале барои аз бандари Калинингради Русия ба Душанбе овардани баҳмут ҳавопаймоҳои бузурги боркаш лозим аст, ки ҳанӯз дастрас нашудааст.
Феълан дар боғи ҳайвоноти Душанбе ҳудуди 1000 сар намояндаи 130 навъи ҳайвон нигоҳ дошта мешаванд.
XS
SM
MD
LG