Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бохти дуввуми "Вахш" дар Ҷоми СНГ


Қаҳрамони футболи Тоҷикистон “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бозии дуввуми худро низ дар марҳалаи мусобиқоти гурӯҳии Ҷоми қаҳрамонҳои футболи Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ ва Балтик бохт. “Вахш” дар ин давр аз тими “Оқтеппа”-и Қазоқистон бо ҳисоби 0 бар 2 шикаст хӯрд. “Вахш” бозии аввалашро ба тими “Боку”-и Озарбойҷон низ бохта буд ва ба ин тартиб, дар ин гурӯҳ ҷойи охиринро гирифта, аз ҳаққи идомаи ширкат дар ин мусобиқот маҳрум шуд.
Феълан “Днепр” ва “Бунёдкор” – қаҳрамонҳои футболи Украина ва Озарбойҷон дар ҳарду бозии аввали худ пирӯзӣ ба даст оварда, алакай ба даври баъдии Ҷоми СНГ роҳ ёфтаанд.
XS
SM
MD
LG