Пайвандҳои дастрасӣ

Дабири Кулли СММ ба Ҳаитӣ рафт


Бан Ки Мун-ДК СММ ба Ҳаитӣ сафар кард, то дар маҳал ҳамоҳангии кӯмакҳои зиёди байналмиллалиро баррасӣ кунад. Вуруди ин кӯмакҳо ба осебдидагони зилзилаи рӯзи сешанбе идома дорад. Оқои Мун қабл аз парвоз ба Ҳаитӣ дар фурудгоҳи Нию Йорк ба хабарнигорон гуфт, набояд ҳади ақал 1-доллари кӯмак беҳуда сарф шавад. Вай гуфт, ҳоло СММ 40 000 нафарро бо маводи ғизоӣ таъмин кардааст ва интизор меравад, ки дар давоми моҳ ин рақам ба 2 миллион нафар расад. Вале бо вуҷуди вуруди кӯмакҳои зиёди байналмиллалӣ ба фурудгоҳи Порто Принтс ба сабаби мушкилоти фаннӣ миқдори ками кӯмакҳо ба мардум расонида мешавад. Мушкилоти иҷтимоӣ пеш омадааст ва мавориди дуздиву ғорат низ мушоҳида шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG