Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон Фароҳаниро 6 сол маҳкум ба зиндон кард


Сомонаҳои интернетии мухолифони давлати Эрон гузориш додаанд, ки мақомоти ин кишвар Муҳсин Сафоӣ Фароҳанӣ-яке аз ислоҳталабони аршадро ба 6 соли зиндон маҳкум кардаанд. Сомонаҳои "Калима" ва "ПорламонНюс" навиштаанд, худи Фароҳонӣ аз ин ҳукми додгоҳ шоми рӯзи шанбе огаҳӣ ёфтааст. Гуфта намешавад, ки гуноҳи вай чӣ будааст ва барои чӣ маҳкум мешавад. Манобеи расмӣ низ барои таъйиди ин хабар чизе нагуфтаанд. Фароҳанӣ баъд аз интихоботи зиддунақизи раёсати ҷумҳурии 12-ӯми июни соли гузашта як ҷо бо даҳҳо нафар аз ислоҳталабони маъруф ва рӯзноманигорон боздошт шуд. Мақомот мегӯянд, мухолифони ислоҳталаби онҳо мехоҳанд режими кунуниро бо роҳандозии тазоҳуроти эътирозӣ бар зидди Маҳмуди Аҳмадинежод тахриб кунанд.
XS
SM
MD
LG