Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи занон мардони дузанаро ошкор мекунад


Кумитаи кор бо занон мегӯяд, бо истифода аз нерӯи намояндагонаш дар маҳалҳо афроди дузана ва сезанаро ошкор мекунад.

Хайринисо Юсуфӣ, раиси Кумитаи кор бо занон, аз шарҳи бештари ин барнома худдорӣ варзид ва танҳо гуфт, ки мардон аксаран занҳои дуввуму севвуми худро пинҳонӣ мегиранд ва ифшо кардани онҳо кори саҳлу сода нест. Вай гуфт, “дар ҳамин самт талош карда истодем, то онҳое, ки дузанаву сезана ҳастанд рӯйхат кунем, бо онҳо кор барем ва пешниҳод кунем”.

Мақомоти Кумитаи кор бо занон бо нигаронӣ мегӯянд, мардҳои тоҷик ба ҷойи он ки як оилаи бесаробон ва фарзандҳои бепадарро, ки теъдодашон афзудан дорад, соҳибӣ кунанд, баръакс, духтарҳои ҷавонро зани дуввум мегиранд ...
Хонум Юсуфӣ ин суханҳоро замоне рӯйи забон овард, ки гап дар бораи қонунӣ кардани дузанагӣ дар Тоҷикистон мерафт. Вай ҳамагуна сарусадоҳо дар ин бораро рад кард ва гуфт, натанҳо ӯ, балки афроди дигар ҳам хостори қонунӣ шудани дузанагӣ нестанд. Мақомоти Кумитаи кор бо занон бо нигаронӣ мегӯянд, мардҳои тоҷик ба ҷойи он ки як оилаи бесаробон ва фарзандҳои бепадарро, ки теъдодашон афзудан дорад, соҳибӣ кунанд, баръакс, духтарҳои ҷавонро зани дуввум мегиранд.

Хайринисо Юсуфӣ мегӯяд, ин амали мардон на ба қонунҳои шариатӣ рост меояду на ба қонунҳои дунявӣ: “Ҳамон афроди дузана мегӯянд, ки мардон дар муҳоҷиратанду занон зиёд ва дузанагӣ кори савоб аст. Аммо куҷост ҳамон марде, ки ба зани бо фарзандонаш дар кӯчамонда ғамхорӣ кунад, ҳамонҳоро ба унвони зани дуввум гирад. Ин хел нест-ку!”

Ин дар ҳолест, ки дар як моҳи пеш гурӯҳи гузоришгарон оид ба вазъи ҳуқуқи зан дар Тоҷикистон ба Созмони Милал дар як нишасте гуфтанд, ки дархости қонунӣ кардани дузанагӣ аз номи гурӯҳе занон ба онҳо расидааст.

Дурсултон Шоназирова, раҳбари маркази “Боварӣ” дар Душанбе, мегӯяд, ба онҳо низ занони ҷабрдида, ки дар қаторашон занони дуввум ҳастанд, шикоят мекунанд. Вай аз рӯзгори воқеии як зане мисол овард, ки ба унвони зани дуввум бо се фарзандаш танҳо мондааст ва аз сӯи шавҳараш кӯмаке дарёфт намекунад.

Занон ва фаъолони ҳуқуқи зан дар Тоҷикистон мегӯянд, аксари мардон аз шароити вазнине, ки ба дӯши занон уфтодааст ва ҳам аз шариати ислом, ки бисёрзанагиро иҷоза додааст, сӯйистифода мекунанд ...
Хонум Шоназирова мегӯяд, “як зан барои кӯмак ба мо муроҷиат кард. Шавҳараш зани якум ҳам дорад. Аз зани аввалааш ҳафт фарзанд ва аз ин зан се фарзанд доштааст. Даҳ сол мешавад, ки ба Русия барои кор рафтааст. Дар он ҷо низ зани дигар гирифтааст. Аммо барои занҳои якум ва дуюмаш ягон танга ҳам нафиристодааст”.

Дар кӯчахиёбонҳои Душанбе аз чеҳраи занон фаҳмидан ғайриимкон аст, ки онҳо зани дуввуманд ё севвум. Аммо дар назди қасри раиси ҷумҳур занеро вохӯрдем, ки дар даст як нома дошт ва мехост онро то раиси ҷумҳур расонад. Ин зан сокини ноҳияи Рудакӣ будааст ва гуфт, шавҳараш ӯро барои соҳиби писар шудан ба унвони зани дуввум гирифта, аммо баъд аз чанд вақт раҳо кардааст.

Занон ва фаъолони ҳуқуқи зан дар Тоҷикистон мегӯянд, аксари мардон аз шароити вазнине, ки ба дӯши занон уфтодааст ва ҳам аз шариати ислом, ки бисёрзанагиро иҷоза додааст, сӯйистифода мекунанд. Онҳо ҳамчунин аз бархӯрди давлат бо афроди дузана танқид ва талошҳо дар ин заминаро нокофӣ медонанд. Дар ҳамин ҳол, уламои ислом ҳам мегӯянд, гирифтани занҳои дуввум ва севвум дар ҳоле раво аст, ки агар зани аввал ба ин никоҳ розӣ бошаду мард низ тавони қудрати таъмини ин ҳарду оиларо дошта бошад.

Аммо баръакси ин ҳама сӯҳбатҳо, қонунҳои Тоҷикистон бисёрзанагиро расман рад ва барои онҳое, ки аз мурооти ин қонун сар мепечанд, то ду соли ҷазо пешбинӣ кардааст. Агарчӣ гурӯҳе қонунӣ шудани дузанигиро роҳалли ин мушкил медонанд ва мегӯянд, шояд баъд аз қонунӣ шудани ин масъала мардонро маҷбур шаванд, ки дар як вақт аз ҳарду хонаводаашон баробар муроқибат кунанд ё аслан аз дузанагӣ даст кашанд.
XS
SM
MD
LG