Пайвандҳои дастрасӣ

Мубоҳисоти ниругоҳи "Сангтӯда-1" бо Тоҷикистон


Ниругоҳи барқи обии Сангтӯда-1 Тоҷикистон, ки дар ихтиёри Русия қарор дорад, аз пардохти 20 миллион сомонӣ молиёт ба ҳукумати Тоюҷикистон сарпечӣ кардааст. Бино бар ин ҳукумати ноҳияи Данғара маҷбур шудааст бар зидди ин корхона ба мақомоти додгоҳӣ шикоят барад. Нирӯгоҳи мазкур дар қаламрави ноҳияи Данғара воқеъ аст. Раҳбарони ноҳия мегӯянд, ҳар моҳ ниругоҳи Сангтӯда-1 аз ҳисоби фурӯши нируи барқ 11 миллион сомонӣ даромад ба даст меорад. Бо вуҷуди ин, ниругоҳи Сангтӯда-1 таҳдид кардааст, ки мумкин аст дар оянда нируи барқи худро ба Тоҷикистон нафурӯшад. Ин ниругоҳ моҳи октябри соли гузашта эълон карда буд, ки Тоҷикистон 37 миллион сомонӣ барои нируи барқ аз ин ниругоҳ қарздор аст. Ба ақидаи коршиносон, дар сурати бидуни ҳал боқӣ мондани ин мубоҳисот имкони фурӯши нируи барқи ин ниругоҳ бо нархи бештар ба Афғонистон вуҷуд дорад.
XS
SM
MD
LG