Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири пешин ба ҳукумати Тоҷикистон бармегардад?


Хабаргузориҳои Тоҷикистон иттилоъ додаанд, ки Ҷурабек Нурмуҳаммадов-собиқ вазири энержии Тоҷикистон ба кишвар баргаштааст ва дар ин шабонарӯзҳо дидор ва гуфтугӯҳои вай бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон идома дорад. "Авеста" хабар медиҳад, ки Нурмуҳаммадов аз ҷумла бо Ҳасан Асадуллозода-раиси "Ориёнбонк" мулоқот кардааст ва дар ин мулоқотҳо ба эҳтимоли зиёд бозгашти вай ба ҳукумат баррасӣ мешавад. Ба гуфтаи хабаргузориҳо, мумкин аст Нурмуҳаммадов бо ҷои Нурулло Шулашов раиси сохтмони ниругоҳи барқи обии Роғун таъйин шавад. Дар гузашта Нурмуҳаммадов раиси ширкати "Барқи Тоҷик" ва сипас вазири энержии Тоҷикистон буд. Соли 2006 аз мақом барканор шуд ва то ҳол дар Русия ба сар мебурд. Вай дар даврони кори худ дар ҳукумати Тоҷикистон аз манофеъи РУСАЛ, РАО ЕЭС ва "Газпром"-и Русия дифоъ мекард.
XS
SM
MD
LG