Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ироқ "Алии химик" ба марг маҳкум шуд


Имрӯз додгоҳи Ироқ яке аз ёрони сарсахти Саддом Ҳусейнро ба муҷозоти эъдом маҳкум кард. Ин шахс бо номи Алӣ Ҳасан ал Маҷид бештар бо номи мустаори "Алии химик" машҳур аст.В ай дар соли 1988 дастур додааст, ки ба шаҳри курднишини Ҳалабҷо бо гази заҳрогин ҳамлае анҷом диҳанд. Аъзои баъзе аз хонаводаҳое, ки дар ин ҳамла наздикони худро аз даст дода буданд, ҳангоми эълони ҳукми додгоҳ чиғ мезаданд ва мегуфтанд, саранҷом ал Маҷид ба сазои аъмоли худ расид. Дар ин ҳамла тақрибан 5 000 нафар кушта шуданд ва акнун гуфта мешавад, ки то кунун дар таърихи башарият ин гуна ҳамлаи густардаи газӣ анҷом нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG