Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии тҳримҳои нави зидди Эрон дар Нию Йорк


Шаш кишвари бузурги ҷаҳон таҳримҳои нав бар зидди Эронро баррасӣ карданд, то ин кишвар аз барномаҳои ҳастаии худ даст кашад. Сергей Рябков-намояндаи Русия гуфт, "мулоқоти Нию Йорк бенатиҷа буд, зеро дар он тасмими мушаххас гирифта нашуд". Намояндагони расмии Британия, Чину Фаронса, Русияву Амрико ва Олмон посухи Эронро дар робита бо пешниҳоди моҳи октябри ин кишварҳо дар мавриди иваз кардани уран бо сӯхти ҳастаӣ баррасӣ карданд. Як мақоми Иттиҳодияи Аврупо, ки раёсати ин мулоқотро бар душ дошт, гуфт, ҳамаи кишварҳои ширкаткунанда дар мулоқот бар ин ақида буданд, ки Эрон натавонистааст чунин пешниҳодро иҷро кунад.
XS
SM
MD
LG