Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Украина райдиҳӣ идома дорад


Дар Украина райдиҳӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар идома дорад. Баъд аз инқилоби норинҷӣ ин нахустин интихоботи раёсати ҷумҳурист. Виктор Юшенко, ки 5 соли пеш дар пасманзари тазоҳуроти тулонӣ ба қудрат расид, ҳоло аз ҳимояти чандоне бархурдор нест ва чунин ба назар мерасад, ки ба даври дуввуми интихобот роҳ намеёбад. Аммо рақиби вай Виктор Янукович, тибқи назарпурсиҳо, дар сафи пеши мубориза қарор дорад. Баъд аз вай Юлия Тимошенко дар мақоми дуввум аст. Павел Захарченко-яке аз райдиҳандагон дар Киев бад аз райдиҳӣ назари худро ин гуна баён кард:

"Мо ба тартиботи бештар, сипас ба мақоми воқеии сиёсӣ ниёз дорем, то мардум бифаҳманд, ки ин чӣ маъно дорад, яъне адолати бидуни ваъдаҳои хушку холӣ".

Дар ин интихобот 600 нозири САҲА бар ҷараёни райдиҳӣ назорат мекунанд. Хабарнигори бахши украинии радиои Озодӣ дар Украина мегӯяд, мардум аз раҳбарони худ дилсард шудаанд, зеро онҳо натавонистаанд ришвахориро аз байн бибаранд ва ислоҳоти иқтисодӣ анҷом диҳанд.
XS
SM
MD
LG