Пайвандҳои дастрасӣ

18-январ оғози вуруди нозирони байналмиллалӣ


Кумиссиюни марказии интихобот ва райпурсии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, барои назорат бар ҷараёни ин интихобот ва омодагӣ ба он аз 18-ӯми январ вуруди нозирони байналмиллалӣ ба Тоҷикистон оғоз мешавад. Гурӯҳи нахустин нозирони САҲА хоҳад буд ва шумораи умумии онҳо то ба 140 нафар хоҳад расид. 150 нозири дигар аз кишварҳои муштаракулманофеъ ба тоҷикистон меоянд. Ба гуфтаи Кумиссиюни марказии интихобот ва райпурсии Тоҷикистон аз кишварҳои узви Созмони ҳамкории шонгҳой низ нозирон даъват шудаанд ва шумораи умумии нозирони байналмиллалӣ ҳудудм 400 нафарро ташкил хоҳад дод. Интихоботи порламонии Тоҷикистон 28-ӯми феврал баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG