Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти "Вахш" дар Ҷоми иттиҳод


Қаҳрамони Тоҷикистон, дастаи «Вахш» дар нахустин бозияш дар Ҷоми Иттиҳод-2010 дар Маскав аз «Боку», қаҳрамони Озарбойҷон, бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Голи якумро дар дақиқаи 40-уми бозӣ фарангии «Боку» Фабио вориди дарвозаи тоҷикон кард. Пас аз зарбаи Гулиев тӯб ба сутуни дарвоза бархӯрд ва онро Фабио соҳиб шуда, голи нахустин дар сабқати имсолаи Ҷоми Иттиҳодро зад. Дар оғози қисми дуввум, дар дақиқаи 48-ум Аҳмадов ҳисобро дучанд кард. Дигар ин ҳисоб то охири бозӣ тағйир наёфт. Мусобиқоти футбол барои 18-ӯмин ҷоми кишварҳои муштаракулманофеъ сол то сол шукӯҳи худро аз даст медиҳад, вале онро ҳамчунон баргузор мекунанд, зеро он зери назари ФИФА ва УЕФА анҷом мегирад. Дар бозиҳои ин ҷом ба ҷуз аз дастаи футболи "Вахш"-и Қурғонтеппа, ки қаҳрамони футболи соли 2009-и Тоҷикистон мебошад, дастаҳои қаҳрамони кишварҳои ҳамсуд ширкат мекунанд. Тоҷикистон дар дастаи "В" бо Озарбойҷону Финландия ва Қазоқистон бозӣ мекунад. Намиши бозиҳои 18-ӯмин Ҷоми кишварҳои ҳамсуд аз бозиҳои чаҳорякниҳоӣ тавассути шабакаи телевизионии "Мир" оғоз мешавад.
XS
SM
MD
LG