Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти "Вахш" дар бозии нахустин


Қаҳрамони Тоҷикистон, дастаи «Вахш» дар нахустин бозияш дар Ҷоми Иттиҳод-2010 дар Маскав аз «Боку», қаҳрамони Озарбойҷон, бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.

Голи якумро дар дақиқаи 40-уми бозӣ фарангии «Баки» Фабио вориди дарвозаи тоҷикон кард. Пас аз зарбаи Гулиев тӯб ба сутуни дарвоза бархӯрд ва онро Фабио соҳиб шуда, голи нахустин дар сабқати имсолаи Ҷоми Иттиҳодро зад. Дар оғози қисми дуввум, дар дақиқаи 48-ум Аҳмадов ҳисобро дучанд кард. Дигар ин ҳисоб то охири бозӣ тағйир наёфт. Дар охири бозӣ ба дарвозаи «Вахш» пенлтӣ таъин шуд, вале онро Жаба, фарангии брозилии озариҳо ба ҳадаф расонида натавонист.

«Вахш» бо чунин ҳайъат бозӣ кард: Юлдошев, Сабуров, Неъматов, Нуруллоев, Фатҳуллоев, Хоҷаев (Норқулов 63), Сувонқулов, Содиқов, Усмонов (Муҳиддинов 68), Ҳакимов (Шарифов 46), Рабиев (Қарабоев 80).

Дар бозии дигари ин гурӯҳ, ки ҳамзамон дар МВ «Олимпийский» миёни дастаҳои «Оқтеппа»-и Қазоқистон ва «ХИК»-и Финландия баргузор шуд, бо ҳисоби 1:0 финҳо ғолиб омаданд.

Ҳамакнун, озариҳо ва финҳо бо се холӣ дар ду мақоми авваланд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи аввал ба даври чаҳорниҳоӣ роҳхат мегирад.

Рақиби баъдии қаҳрамони Тоҷикистон, фардо, 17-уми январ, дастаи «Оқтеппа»-и Қазоқистон мебошад.

Аслиддин Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи «Вахш», ба сабқати Маскав бар иловаи футболбозони худӣ – дарвозабон Фарҳод Юлдошев, ҳимоятгарон Субҳон Хоҷамов, Алексей Неъматов, Меҳроб Заҳурбеков, Акмал Сабуров, нимҳимоятгарон Рустам Хоҷаев, Камолҷон Ортиқов, Анвар Норқулов, Абдуқаюм Қарабоев, Маҳмадалӣ Содиқов, ҳамлагарон Нӯъмонҷон Ҳакимов, Рустам Усмонов, Ҷомихон Муҳиддинов, Фозил Сатторов, инчунин, бозигарони даъватшуда – ҳамлагар Юсуф Рабиев, нимҳимоятгар Фатҳулло Фатҳуллоев ва ҳимоятгар Соҳиб Сувонқулов ( ҳарсе аз тими «Истиқлол»-и Душанбе), ҳимоятгар Асадулло Нуруллоев («Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров), нимҳимоятгар Баҳодур Шарифов («Хуҷанд»-и Хуҷанд), дарвозабон Алишер Тӯйчиев («Металлург»-и Бекободи Узбакистон) ва ду футболбози африқоӣ - ҳимоятгар Даниэл Тего ва ҳамлагар Дэвид Тетте ( аз кишвари Гана, ки порсол узви дастаи «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон буданд),-ро бурдааст.

Тақвими бозиҳои гурӯҳи «B»:

17-уми январ (якшанбе)
Манежи "Динамо": «Оқтеппа»–"Вахш".13.00.
МВ "Олимпийский": «Боку» – ХИК. 13.00.

19 –уми январ (сешанбе)
Манежи "Динамо": ХИК–"Вахш".13.00.
МВ "Олимпийский": «Оқтеппа» – «Боку». 13.00.

20-уми январ (чоршанбе)
МВ "Олимпийский. 1/4 финал
Ғолиби гурӯҳи "Д" –ҷои 2-юми гурӯҳи "С". 13.00.
Ғолиби гурӯҳи "В" – ҷои 2-юми гурӯҳи "А". 15.00.
Ғолиби гурӯҳи "С" – ҷои 2-юми гурӯҳи "Д". 17.00.
Ғолиби гурӯҳи "А" – ҷои 2-юми гурӯҳи "В". 19.00.

22-юми январ (ҷумъа)
МВ "Олимпийский"
Бозии аввали нимфиналӣ.16.00.
Бозии дуюми нимфиналӣ.19.00.

24 -уми январ (якшанбе)
МВ "Олимпийский"
ФИНАЛ. 15.00.
XS
SM
MD
LG