Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аксари номзадҳои аъзои кобинаи нав рад шуданд


Имрӯз порламони Афғонистон аксари номзадҳои пешниҳодии Ҳомид Карзай ба кобинаи ҷадиди ин кишварро рад кард. Аз 17 нафар номзадҳои пешниҳодшуда танҳо номзадии 7 нафар мавриди пазириши намояндагони порлмон қарор гирифт. Дар миёни номзадҳои калидӣ Залмай Расул дар мақоми вазири умури хориҷа, Ҳабибуллоҳ Ғолиб дар мақоми вазири адлия ва Муҳаммад Юсуф Ниёзӣ дар мақоми вазири умури мазҳабӣ ба тасвиб расиданд. Аммо намояндагони порламон номзадии Муҳаммад Ҳошим Эшматуллоҳ дар мақоми вазири таҳсилоти олӣ ва 9 нафари дигарро рад карданд.
XS
SM
MD
LG