Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории раҳбари нафту гази Туркманистон аз мақом


Имрӯз матбуоти Туркаманистон хабар дод, ки Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури ин кишвар Оразнур Нурмуродов-раҳбари муассисаи нафту гази Туркманистонро барои "корношоистагӣ" аз мақомаш барканор кардааст. Нурмуродов танҳо се моҳ дар ин мақом кор кардааст. Масъулияти раҳбарӣ бар души Байрамгелдӣ Недиров-муовини вай вогузор шудааст.
XS
SM
MD
LG