Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даромади "Тоҷиксодиротбонк" 6 баробар кам шудааст


"Тоҷиксодиротбонк" хабар додааст, ки даромади холиси он дар соли 2009 бештар аз 986 ҳазор долларро ташкил додааст. Ин даромад нисбат ба соли 2008 шаш баробар камтар будааст. Бино ба маълумоти "Тоҷиксодиротбонк", дар соли 2008 даромади ин муассисаи молӣ бештар аз 7 миллион долларро ташкил додааст. Маблағи саҳмияҳои ин бонк дар ҳамон сатҳи як соли пеш боқӣ мондааст ва ҳамчунон тақрибан 23 миллион доллар будааст.
XS
SM
MD
LG