Пайвандҳои дастрасӣ

Низомиёни Амрико дар фурудгоҳи Ҳаитӣ ёрӣ мерасонанд


Низомиёни Амрико мегӯянд, баъд аз зизилаи фоҷеъабор дар Ҳаитӣ муваққатан назорат бар фурудгоҳи Порто Принтс -пойтахти ин кишварро дар ихтиёри худ гирифтаанд. Низомиёни Амрико парвози ҳавопаймоҳоеро, ки ба Ҳаитӣ ёрии башарӣ меоранд ва парвозҳоеро, ки хориҷиён ва одамони маҷруҳро ба хориҷ интиқол медиҳанд, ҳамоҳанг месозанд. Ҳамзамон гурӯҳҳои ёрии тиббӣ дар шифохонаҳо навбатдорӣ мекунанд, дар ҳоле, ки кормандон дар пойтахт ба поксозии кӯчаву хиёбонҳо ва тақсими халтачҳои оби ошомиданӣ шурӯъ кардаанд. Кормандони имдод ва мақомоти расмӣ ҳушдор додаанд, ки агар кӯмакҳо ба зудӣ ба мардум расонида нашавад, дар Порто Принтс қонуншиканӣ оғоз мешавад. Дар бораи мавориди алоҳидаи дуздӣ гузоришҳо пахш мешавад. Салиби Сурхи байналмиллалӣ тахмин мезанад, ки дар ин зилзила бештар аз 50 000 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG