Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

СММ: Ҳаитӣ ба кумаки фаврӣ ниёз дорад


Ба иттилои Созмони Милали Муттаҳид, Ҳаитӣ, ки аз заминларзаи мудҳиш зарар дидааст, ба кумаки фаврӣ ба маблағи 550 миллион доллар ниёз дорад. Ин созмон ҳамчунин эълом дошт, ки варзишгоҳи футболи пойтахт Порт-о-Пренс бояд ба таври оҷил ба табобатгоҳи муваққатӣ табдил дода шавад. СММ пешниҳод кардааст, тақрибан 300 ҳазор сокинони шаҳри Порт-о-Пренс, ки бехонумон мондаанд, бояд бо ғизо таъмин карда шаванд. Гуфта мешавад, ки даҳҳо ҳазор нафар сокинони ин шаҳр чанд шабро дар кӯчаву хиёбонҳо рӯз мекунанд.
Дар ҳамин ҳол ахиран Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ иттилоъи қаблӣ дар бораи ғорати анборҳояш дар Порт-о-Пренсро рад кард. Ҳадс зада мешавад, ки бар асари заминларза дасти кам 50 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд. Заминларзаи мудҳиш дар Ҳаитӣ, кишвари воқеъ дар ҳавзаи Кариб, рӯзи сешанбе ба вуқӯъ пайваста буд.
XS
SM
MD
LG