Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳҳои низомӣ ва Коллегияи низомии Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар соли 2009 нисбати 760 нафар аз афсарон ва низомиён ҳукм баровардаанд.

Сафар Сангаков, муовини раиси Коллегияи низомии Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфт, аз ин миқдор ҳудуди 130 нафарро афсарон ва прапоршикони воҳидҳои низомӣ ва кумиссариaтҳои низомӣ ташкил медиҳанд, ки бо ҷиноятҳои мухталиф парвандаҳои онҳо дар додгоҳҳо баррасӣ шуданд.

Вай таъкид кард, ки аз ҷумлаи маҳкумшудагон 200 нафар ба Вазорати дифоъ, 328 ба Идораи марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, 51 ба Горди миллӣ ва 45 тани дигар ба бақия сохторҳои низомӣ тааллуқ дорад.

Муовини раиси Коллегияи низомии Додгоҳи Олии Тоҷикистон мегӯяд, бештари ҷиноятҳое, ки тавассути афсарону сарбозони воҳидҳои низомӣ дар соли гузашта содир шудааст, ба вайрон кардани қоидаҳои оинномавӣ, берун шудан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ, сӯистифода аз мансаби давлатӣ, қочоқи маводи мухаддир, роҳзанӣ, ришвахорӣ ва ғайра рабт дорад.

Ҳамчунин таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар чанд соли ахир ҷинояти саркашӣ аз хизмат ё фирорӣ аз артиш тавассути сарбозон ба мушоҳида мерасад. Бо ин ҳам масъулони додгоҳҳо дар мавриди иллатҳои сар задани ҷиноятҳо дар воҳидҳои низомӣ изҳори назаре накардаанд.

Аммо соҳибназарон яке аз сабаби ҷурму ҷиноят дар воҳидҳои низомӣ, ба хусус дар миёни сарбозонро ҳамчунон ба вуҷуди «дедовшина» ё меҳтарсолорӣ дар артиш марбут медонанд. Ин аст, ки ба гуфтаи ин коршиносон ҷавонони тоза ба артиш ворид шуда, ба амалкарди сарбозони ба истилоҳ «дед» тоқат карда натавониста , аз артиш фирор мекунанд.

Дар ҳамин ҳол зимни таҳия ва тасвиби Қонуни афв, дар соли гузашта, масъулони давлатӣ ва парлумон эълом карда буданд, ки аз ҷумлаи афроде, ки бояд мавриди афв қарор бигиранд, чаҳор ҳазор нафар сарбозоне ҳастанд, ки даст ба ҷиноят зада ва умдатан саркашӣ аз хизмат дар артиш ё фирор кардан ҷинояти онҳо будааст.
XS
SM
MD
LG