Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар кӯчаҳои Порт-о-Пренс, пойтахти Ҳаитӣ, ҷасадҳои зиёди қурбониёни заминларзаи мудҳиш ҷамъ оварда шудаанд ва онҳое, ки аз ин офати табиӣ ҷон ба саломат бурдаанд, шаби сеюмро ҳам дар хиёбонҳо рӯз карданд.

Ҳазорон нафар боз як шабро дар кӯчаву хиёбонҳои Порт-о-Пренс, пойтахти аз заминларза валангоргаштаи Ҳаитӣ рӯз карданд. Ин гуна офати мудҳиш дусад сол боз ба сари мардуми ин кишвари воқеъ дар ҳавзаи Кариб наомада буд.

Дар ҳоле, ки кӯмаки башарӣ барои мардуми Ҳаитӣ аз ҳама олам ироа мешавад, хабаргузориҳо аз афзоиши норозигӣ миёни мардум аз бесомониҳо дар рафъи паёмадҳои заминларза ва тақсими маводи озуқаву дорувор иттилоъ медиҳанд. Гуфта мешавад, ки одамони ба хашмомада ба нишони эътироз ҳатто яке аз кӯчаҳои пойтахтро бо ҷасадҳои қурбониён бастанд.

Элиоза Естимабле, як зани аз офати табиӣ ҷон ба саломат бурда мегӯяд: “Ҳама аҳли хонаводаи ман ба ҳалокат расидаанд – хоҳарзодаам, хоҳарам, холаам ва модарам. Манзили мо тахриб шудааст. Мо бояд дар ягон ҷо зиндагӣ кунем, ҳамаи мардум бояд дар ягон ҷо зиндагӣ кунанд. Ман мехоҳам бифаҳмам, ки ҳукумат дар ин ҷо чӣ корро анҷом дода мехоҳад?”

Ёвари Дабири Кулли СММ оид ба масоили посдории сулҳ Эдмонд Мулет, рӯзи панҷшанбе, ба хотири ҳамоҳангсозии кумакҳои байнулмилалӣ ва тақсими онҳо вориди Порт-о-Пренс шуд. Гурӯҳҳои кумакрасону наҷотбахш мегӯянд, ки мардуми аз ин офати мудҳиш ҷон ба саломатбурда ба оби пок, маводи озуқа ва дорувор сахт ниёз доранд.

Капитан Луис Фернандес аз корпуси наҷотбахшии Флорида мегӯяд, ки гурӯҳи онҳо барои аз зери оворҳо берун кардани одамон шабу рӯз кор мекунанд: “Ин яке аз мудҳиштарин офатҳоест, ки ман дар 20 соли ахир мушоҳида кардаам. Мо бояд корои худро идома диҳем. Бештари наҷотбахшони мо таҷрибаи беш аз 20 солаи ҷустуҷӯ ва наҷоти одамонро доранд. Аз рӯи таҷриба, мо баъди 10, 12 ва ҳатто 14 рӯзи заминларза тавонистаем одамони зиндамондаро наҷот диҳем.”
Т
ибқи арзёбиҳои Созмони Салиби Сурхи байнулмилал, бар асари заминларзаи шадиди рӯзи сешанбе дар Ҳаитӣ аз 45 то 50 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд. Заминларза пойтахт - Порт-о-Пренсро ба харобазор табдил кардааст. Созмони Милали Муттаҳид эълом дошт, ки аз ин офати табиӣ ба тақрибан севу ним миллион сокинони Ҳаитӣ осеб расидааст. Дастаҳои ҷустуҷӯиву наҷотбахшӣ аз Иёлоти Муттаҳида, кишварҳои аврупоӣ, Русия, Чин, Канада, мамолики Амрикои Лотин аллакай ба амалиёти аз зери оворҳои берун кардани одамон ва тақсими кумакҳои башарӣ шурӯъ кардаанд.

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико изҳор намуд, ки Иёлоти Муттаҳида мардуми Ҳаитиро дар ин фоҷиа танҳо нахоҳад гузошт ва бузургтарин дар таърихи муосир амалиёти кумаку наҷотбахширо шурӯъ кардааст. Ҳамзамон ӯ гуфт, ки ин кумакҳо шояд тайи чанд рӯз ба минтақаи офат бирасанд ва зудтар расидани онҳо ба вазъи роҳҳо, майдони парвози фурудгоҳҳо ва то куҷо бидуни осеб мондани бандарҳо марбут хоҳад буд.

Ба иттилоъи хабаргузориҳо, айни ҳол мушкили аслӣ - маҳз қабули кумакҳоест, ки аз кишварҳои гуногун ба Ҳаитӣ интиқол дода мешавад. Ҳавопаймоҳои ҳомили бор маҷбуранд, ки то холӣ шудани майдони парвоз муддати тӯлонӣ дар ҳаво чарх зананд. Бештари роҳҳо тахриб шуда ва вуруди киштиҳо ба бандари аслии кишвар ҳам тақрибан ғайримумкин аст. Ва аммо дар роҳи ба зудӣ рафъ кардани пайомадҳои офати табиӣ дигар омилҳо, аз ҷумла, ноамнӣ ҳам монеъа эҷод мекунанд – Делфин Антонио Родригес, раҳбари дастаи наҷотбахшии кишвари ҳамсоя – Ҷумҳурии Доминикан ба хабаргузориҳо гуфтааст, ғорату куштор дар шаҳр онҳоро маҷбур месозад, ки баробари торик шудан ҷустуҷӯи мардуми зери шикастпораҳоро қатъ кунанд.


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG