Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳсҳо атрофи "Сангтӯда-1" доғтар мешаванд


Маҳамадулло Сайдалиев, раиси ноҳияи Данғара

Маҳамадулло Сайдалиев, раиси ноҳияи Данғара

Ҳукумати ноҳияи Данғара аз болои масъулони нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" барои напардохтани молиёт ба додгоҳи иқтисодӣ шикоят бурдааст. Худи нерӯгоҳ аз қарзи ширкати "Барқи тоҷик" шиква мекунад.

Маҳмадулло Сайдалиев, раиси ноҳияи Данғара мегӯяд, нерӯгоҳи “Сангтӯда-1”, ки дар ҳудуди ноҳия ҷойгир аст, аз супурдани 20 миллион сомонӣ қарзи нозироти андоз сарпечӣ мекунад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҷаноби Саидалиев, Тоҷикистон ҳар моҳ барои истифодаи барқи ин нерӯгоҳ 11 миллион сомонӣ мепардозад.

Вай мегӯяд, бар замми ҳамаи ин ва зимни бархе аз суханони намояндагони нерӯгоҳ эҳтимол меравад, ки “Сангтӯда-1” ба Тоҷикистон дигар барқ нафурӯшад: “Давлати Русия омада, сармоягузорӣ карда, бе дарди миён ҳар сол 4 миллиард сомониро гирифта меравад. Нархи фурӯши барқи ин нерӯгоҳ барои давлатҳои Покистону Афғонистон аз 10 сент зиёд аст. Фардо шояд ба халқи мо ба хотире, ки барқро арзон мехаред гуфта, дигар барқ нафурӯшад ва ин барқро танҳо ба хориҷа фурӯшад.”

Ба гуфтаи Сайдалиев, соли гузашта нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” қиммати барқро то 3,6 сент боло бурд, аммо бо дахолати ҳукумати Тоҷикистон қиммати 1 киловат соат барқ то 2 сент поин фуроварда шуд. Иддаои масъулони ноҳияи Данғара дар ҳоле садо медиҳад, ки ҷониби Сангтӯда-1 низ аз қарзи беш аз 100 миллион сомонӣ болои ширкати “Барқи тоҷик” ҳарф мезананд.

Ва соли гузашта низ масъулони нерӯгоҳи барқӣ-обии “Сангтӯда-1” барои насупурдани пули истифодаи барқ аз болои “Барқи тоҷик” ба додгоҳи иқтисодӣ шикоят карда буд.

Нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” бо сармоягузории 75 дар сади ҷониби Русия бунёд ёфтааст ва ба гуфтаи масъулин солона даромади ин нерӯгоҳ аз ҳисоби фурӯши барқ дар дохил ва хориҷи кишвар ба беш аз 1 миллиард долар мерасад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG