Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Киштиҳои Ҷопон Уқёнуси Ҳиндро тарк мегӯянд


Ҷопон имрӯз амалиёти таъминоти нерӯҳои Эътилофи байнулмилалӣ дар Афғонистонро қатъ мекунад. Тайи ҳашт сол киштиҳои ҷопонӣ дар Уқёнуси Ҳинд барои нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон борҳои гуногунро интиқол медоданд. Ҳукумати нави Ҷопон, ки моҳи сентябри соли гузашта сари қудрат омад, дар баробари ИМА аз сиёсати мустақили дипломатӣ кор мегирад ва аз ин рӯ, аз тамдиди мандати низомиёни худ дар Уқёнуси Ҳинд худдорӣ кард. Мақомоти Токио мегӯянд, ки Афғонистон айни ҳол ба кумаки башарӣ ниёз дорад, на ба кумаки низомӣ. Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки барои эҳёи Афғонистон тайи панҷ соли оянда тақрибан 5 миллиард доллар сарф кунад.
XS
SM
MD
LG