Пайвандҳои дастрасӣ

Охирин рӯзи тарғиботу ташвиқот дар Украина


Довталабони курсии раиси ҷумҳурии Украина имрӯз барои охирин бор метавонанд барномаҳои худро тарғибу ташвиқ кунанд. Интихоботи президентӣ дар ин кишвар рӯзи якшанбе, 17 январ, баргузор мешавад. Довталабони аслии мақоми раиси ҷумҳур дар шабакаҳои миллии телевизионӣ бидуни ширкати рақибонашон суханронӣ мекунанд. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, ахиран раиси Ҳизби минтақаҳо Виктор Янукович бори дигар пешниҳоди сарвазири кишвар Юлия Тимошенко барои баҳси телевиозиониро рад кард. Барои дарёфти курсии раиси ҷумҳури Украина 18 нафар, аз ҷумла, раҳбари феълии кишвар Виктор Юшенко вориди сабқат шудаанд.
XS
SM
MD
LG