Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили қабули кӯмакҳои башарӣ дар Ҳаитӣ


Дар Ҳаитӣ мушкилоти марбут ба қабули кӯмаки байнулмилалӣ ҳарчӣ бештар эҳсос мешавад. Ҳавопаймоҳои ҳомили кумакҳо маҷбуранд, ки то холӣ шудани майдони парвоз муддати тулонӣ дар ҳаво чарх зананд. Роҳҳои мошингард тахриб шуда ва вуруди киштиҳо ба бандари аслии кишвар ҳам тақрибан ғайримумкин шудааст.
Дар кӯчаҳои Порт-о-Пренс, пойтахти Ҳаитӣ, ҷасадҳои зиёди қурбониёни заминларзаи мудҳиш ҷамъ оварда шудаанд ва онҳое, ки аз ин офати табиӣ ҷон ба саломат бурдаанд, шаби сеюмро ҳам дар хиёбонҳо рӯз карданд.
Дирӯз Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, дар бораи шурӯъи бузургтарин амалиёти наҷотбахшӣ дар таърихи муосир хабар дод, ки гуфта мешавад дар марҳалаи аввали он барои кумак ба мардуми Ҳаитӣ 100 миллион доллар ҷудо карда шудааст. Ҳадс зада мешавад, ки бар асари заминларза дасти кам 50 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд. Имрӯз СММ тайид кард, ки дар ин ҳодиса 36 корманди дафтараш дар Ҳаитӣ ҷон бохтаанд.
Заминларзаи мудҳиш дар Ҳаитӣ, кишвари воқеъ дар ҳавзаи Кариб, бомдоди рӯзи чаҳоршанбе ба вуқӯъ пайваста буд.
XS
SM
MD
LG