Пайвандҳои дастрасӣ

Раисиҷумҳур аз тоҷирон ва сарватмандони Тоҷикистон тақозо кард, то сармояҳои худро аз бонкҳои хориҷӣ ба бонкҳои Тоҷикистон интиқол бидиҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо тоҷирон ва соҳибкорони ватанӣ гуфт, барои интиқоли дороиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ба бонкҳои ватанӣ ҳамаи шароитҳои ҳуқуқиро фароҳам хоҳад кард. Ва тоҷирону сарватмандоне, ки пулҳои худро ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд, давлат имтиёз қоил хоҳад шуд. Аз ҷумла онҳо аз андоз озод хоҳанд буд.

Мулоқоти имрӯзаи тоҷирону соҳибкорони ватанӣ бо раисиҷумҳур аз мулоқоти қаблӣ фарқ дошт. Дар ин мулоқот сӯҳбат асосан дар атрофи саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун ҷараён гирифт ва масоили мубрам ва муҳими бахши хусусӣ дар ҷумҳурӣ ба мавзуи дуввумдараҷа табдил шуд ...
Раисиҷумҳур дар мулоқот бо соҳибкорон гуфт, дар шароити феълӣ бисёре аз кишварҳо ба ин иқдом даст задаанд. Аз ҷумла давлати Итолиё ба ҳамин васила 82 миллиард евроро бозгардондааст.

Эмомалӣ Раҳмон афзуд, бар илова шаҳрвандони мо аз дороиҳои худ, ки дар бонкҳои хориҷӣ нигоҳ дошта мешаванд, фоидаи ночиз мегиранд. Ин дар ҳолест, ки агар пулро дар бонкҳои ватанӣ нигоҳ доранд, то 15 дарсад фоида хоҳанд гирифт.

Ба сурати умум раисиҷумҳури Тоҷикистон ба як афви дигари сармоя даъват кард, дар ҳоле ки ду маъракаи афви сармоя ва моликият дар солҳои гузашта натиҷаҳои ночиз додааст. Бархе аз пулдорон эътимод надоранд, ки ифшои сармояашон ва ё бозгардони он ба кишвар ба амнияти ин дороии онҳо мусоидат хоҳад кард.

Дар ин нишаст тоҷирони тоҷики муқими Русия низ ширкат доштанд.

Баҳром Қурбонов, яке аз ин тоҷирон, гуфт, ки ба назари вай, сармоягузорӣ дар Тоҷикистон кори судманд аст, дар сурате, ки давлати Тоҷикистон дар ҷалби сармояҳо шароит фароҳам созад.

Ҷаноби Қурбонов дар робита ба тақозои раисиҷумҳур дар бораи интиқоли сармояи тоҷирони тоҷик аз бонкҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон гуфт, «ин иқдоми хуб аст, ба шарте, ки давлат тазмини амнияти ин сармояҳоро бидиҳад. Мо дар Русия фаъолият дорем ва ҳукумати Русия низ талош дорад, аз ихроҷи сармоя ба хориҷа ҷилавгирӣ кунад ва дороиҳои сармоядорони русро аз бонкҳои хориҷӣ ба Русия баргардонад».

Мулоқоти тоҷирону соҳибкорони ватанӣ бо раисиҷумҳур аз мулоқоти соли қаблӣ фарқ дошт. Дар ҳамоишҳои соли гузашта пешниҳодҳо аз сӯи тоҷирон бештар буд. Ин бор асосан дар бораи саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун ва корбасти сармояи тоҷирону соҳибкорони тоҷик дар ин тарҳ сӯҳбат шуд ва масоили мубраму муҳими бахши хусусӣ дар ҷумҳурӣ ба мавзӯи дуввумдараҷа табдил шуд.

Дар арафаи дидори раисиҷумҳури Тоҷикистон бо соҳибкорон дар нашрияҳо як силсила пешниҳодҳо ба табъ расид, аз ҷумла аз номи Утоқи тиҷоратии Амрико ва Тоҷикистон. Вале ин ва дигар пешниҳодҳо мавриди баҳс қарор нагирифтанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG