Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бемайлии Чин барои танбеҳи Эрон бо таҳримоти нав


Вазорати умури хориҷаи Амрико мегӯяд, Ҷумҳурии Мардумии Чин ба музокироти қарибулвӯқуъи қудратҳои ҷаҳонӣ дар мавриди барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон мақомоти сатҳи поёнро мефиристад. Намояндагони Амрико, Бритониё, Русия, Фаронса ва Чину Олмон, рӯзи шанбе дар шаҳри Ню Йорк ҷамъ омада ва эҳтимоли эъмоли таҳримоти бештар алайҳи Эронро баррасӣ мекунанд. Дипломатҳо мегӯянд, омилҳои ин тасмимро намедонад, аммо баъзеашон тахмин мекунанд, ки шояд ин амалкарди Чин паёме аз бемайлиаш ба танбеҳи Эрон бо таҳримоти тоза мебошад.
XS
SM
MD
LG