Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ноумедии афзояндаи бозмондагони заминларзаи Ҳаитӣ


Бинобар таъхир дар тақсими кӯмакҳои фаврӣ ба мардуми мусибатзадаи Ҳаитӣ ноумедӣ дар миёни ин мардум авҷ мегирад. Хабаргузории "Ройтерс" аз қавли шоҳидони айнӣ навиштааст, бозмондагони хашмгини заминларза дар шаҳри Порто Принс ба нишони эътироз аз ҷасадҳои қурбониён дар роҳҳо тӯда мекунанд. Хабаргузории "Ассосиейтед Пресс" мегӯяд, азбаски фурудгоҳи аслии Ҳаитӣ сӯзишворӣ ва ҷойи нишасти кофӣ ва манораи идораи парвоз надорад, гурӯҳҳои наҷот дар вуруд ва интиқоли лавозимот ба мушкил дучор шудаанд. Бандари аслии Ҳаитӣ ҳам хароб шуда ва интиқоли кӯмакҳо аз тариқи баҳрро мушкил кардааст. Ба тахмини Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, дар заминларзаи рӯзи сешанбе бештар аз 50 ҳазор нафар ҳалок шудаанд. Дар Вашингтон Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико гуфт, кишвараш барои кӯмак ба Ҳаитӣ фавран 100 миллион доллар ихтисос медиҳад. Филип Кровлӣ - сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико, гуфт, гурӯҳҳои наҷотбахши Амрико, Аврупо, Русия, Чин, Канада ва Амрикои Лотинӣ вориди Ҳаитӣ шуда ва ба тақсими доруворӣ, маводи ғизоӣ ва амалиёти наҷот дар миёни мардуми мӯҳтоҷ шурӯъ кардаанд: "Возеҳан ин феҳраст бузургтар мешавад, ва ба тахмини мо дасти кам 30 кишвар кӯмаки шоиста пешниҳод кардаанд, ки ё ба Ҳаитӣ расидааст, ва ё дар роҳ ба сӯи кишвар аст. Аз ин рӯ на танҳо аҳди кӯмаки Амрико ба Ҳаитӣ, балки аҳди ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам бештар мешавад." Эдмонд Муллет – раҳбарони собиқи посдорони сулҳи Созмони Милал дар Ҳаитӣ барои ҳамоҳангсозии кӯмакҳои башарӣ вориди Ҳаитӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG