Пайвандҳои дастрасӣ

Ироқ садҳо нафарро ба интихобот роҳ намедиҳад


Мақомоти интихоботии Ироқ, тақрибан 500 сиёсатмадор ва аҳзоби сиёсиро аз ҳаққи ширкат дар интихоботи ояндаи порлумонӣ маҳрум кардаанд. Ҳамдия Ҳусейнӣ - як намояндаи баландпояи Кумиссиёни мустақили интихоботи Ироқ гуфт, номзадҳои мазкурро бар асоси санади қонуни адолат ва дурусткорӣ, ба интихобот роҳ надодаанд. Ҳамдия Ҳусейнӣ нагуфт, ки оё аҳзобу сиёсатмадори маҳрумшуда аз ҳаққи ширкат дар интихобот ба ҳизби ғайриқонунии Баъси Саддом Ҳусейн иртибот доранд ва ё хайр, вале қонуни Ироқ тарафдорони Саддом Ҳусайнро аз ҳаққи ширкат дар интихобот маҳрум кардааст.
XS
SM
MD
LG