Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон барномаи раёсат дар САҲА-ро муаррифӣ кард


Қазоқистон замони раёсаташ дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) бештар рӯи мавзӯъи густариши арзишҳои демократӣ ва беҳбуд бахшидани вазъи амниятӣ дар ҷаҳон тамаркуз хоҳад кард. Ба ин нукта вазири умури хориҷаи Қазоқистон Қанот Савдобоев зимни суханронӣ дар нишасти Шӯрои доимии САҲА дар шаҳри Вена таъкид намуд. Ӯ гуфт, ки мақомоти Қазоқистон, қабл аз ҳама, ба таъмини ҳуқуқи озодиҳои шаҳрвандӣ дар худи кишвар таваҷҷуҳ зоҳир хоҳанд кард. Остона аз оғози ҳамин сол раёсати даврии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро бар дӯш гирифт. Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар тасмими бар дӯши Қазоқистон гузоштани раёсати даврии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро танқид карданд ва гуфтанд, ки дар ин кишвар нақзи ҳуқуқи башар фаровон ба чашм мерасад.
XS
SM
MD
LG