Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомиёни ИМА барои наҷоти офатзадаҳои Ҳаитӣ мераванд


ИМА изҳор намуд, ки ба хотири ширкат дар амалиёти ҷустуҷӯву наҷотбахшӣ ва таъмини амният ҳазорон низомиёни кишварро ба Ҳаитӣ мефиристад. Майор Брайан Фикел, як мақоми вазорати дифоъи Амрико гуфт, ки барои ин амалиёт тақрибан 3-ву ним ҳазор афсарону сарбозон сафарбар шудаанд ва гурӯҳи нахустини саднафара то охири ҳамин рӯз ба Ҳаитӣ мерасад. Онҳо ба 2200 дарёнавардони кишвар мепайванданд, ки низ дар амалиёти ҷустуҷӯву наҷотбахшӣ, таъмини амният ва интиқоли кумакҳои башарӣ ба мардуми аз заминларзаи мудҳиш осебдида ширкат хоҳанд кард. Ҳамчунин чанд киштии низомии амрикоӣ, аз ҷумла, киштии бузурги Карл Винсон дар соҳилҳои Ҳаитӣ лангар меандозанд. Дар ҳамин ҳол имрӯз ҳавопаймоҳо аз Чин, Фаронса ва Испания ба Порт-о-Принс, пойтахти Ҳаитӣ, даҳҳо тонна маводи озуқаву дорувор ва дигар маводи мавриди ниёз оварданд.
Теъдоди қурбониёни заминларзаи мудҳиш то ҳанӯз маълум нест ва аммо сарвазири кишвар Жан-Макс Белрив дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии CNN гуфт, ки тақрибан сад ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд. Созмони “Табибони бидуни марз” хабар дод, ки ба қароргоҳҳои муваққатии ёрии таъҷилӣ ҳарчӣ бештар маҷрӯҳон ворид мешаванд ва ҷароҳатҳои аксари онҳо хело сангин аст. Раисиҷумҳури Ҳаитӣ Рене Превал гуфт, ки дар заминларза раиси дафтари СММ дар кишвар низ ба ҳалокат расидааст ва аммо мақомоти СММ имкони тайид ваё такзиби ин иттилоъро надоранд. Аз ин пеш СММ хабар дода буд, ки бар асари офати табиӣ дар Ҳаитӣ 14 корманди ин созмон ҷон бохта ва 56 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Заминларзаи мудҳиш дар Ҳаитӣ, кишвари воқеъ дар ҳавзаи Кариб, субҳи рӯзи чаҳоршанбе ба вуқӯъ пайваст.
XS
SM
MD
LG