Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қазоқистон раёсати САҲА-ро расман бар дӯш гирифт


Қанот Савдобоев, вазири умури хориҷаи Қазоқистон

Қанот Савдобоев, вазири умури хориҷаи Қазоқистон

Қанот Савдобоев, вазири умури хориҷаи Қазоқистон, имрӯз дар нишасти Шӯрои доимии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо изҳор намуд, ки кишвараш замони раҳбарӣ ба ин созмон дар се самти ниҳодӣ – амният, иқтисод, муҳити зист ва ҳамчунин дар таҳкими демократияву дифоъ аз ҳуқуқи башар фаъолият хоҳад кард.

Ӯ афзуд, ки Қазоқистон талошҳои тақвияти сохтори феълии амниятии Аврупоро идома хоҳад дод ва ба тарҳи нави раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев оид ба созиши нави амниятӣ дар Аврупо ишора кард.

Вазири хориҷаи Қазоқистон таъкид кард, ки қарор аст нахустин сафари расмии ӯ ба ҳайси раҳбари даврии САҲА ва дар чаҳорчӯби талошҳои созмон барои ҳалли низоъҳои мунҷамидшуда, миёнаҳои моҳи оянда ба Қафқози ҷанубӣ сурат бигирад.

Ба гуфтаи ӯ, “мусоидат дар ҳалли низоъҳои мунҷамидшуда - аз авлавиятҳои ҳар як раёсат маҳсуб мешавад ва мо низ талош хоҳем кард, то дар ин раванди мушкил саҳм бигирем. Ҳамзамон, созмони мо барои пайдо кардани роҳҳои ҷилавгирӣ аз ин гуна низоъҳо, ки боиси фоҷиаи инсонӣ ва офатҳои башарӣ мегардад, бояд талош варзад”.

Қанот Савдобоев зимни суханронӣ дар нишасти Шӯрои доимӣ аз фаъолияти дафтари САҲА оид ба сохторҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар, комиссари олии созмон дар умури ақаллиятҳои миллӣ, намояндаи созмон дар умури озодии матбуот ва намояндагиҳои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар кишварҳои гуногуни узви созмон пуштибонӣ кард.

Ҳамзамон ӯ аз дафтари САҲА оид ба сохторҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар ва Маҷмаи парлумонии созмон хост, ки “раванди воқеӣ ва созандаи назорати интихоботҳоро кафолат диҳанд”. Вазири умури хориҷаи Қазоқистон афзуд, ки раёсати нав ба мавзӯъи Афғонистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир хоҳад кард.

Қазоқистон нахустин кишвари собиқ шӯравист, ки раёсати САҲА-ро бар дӯш мегирад
Қазоқистон нахустин кишвари собиқ шӯравист, ки раёсати САҲА - ин созмони бонуфузи байнулмилалиро бар дӯш мегирад. Айни ҳол 56 кишвар дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо узвият доранд. Гуфта мешавад, раёсати созмон бар дӯши Қазоқистон дар ҳоле гузошта мешавад, ки САҲА дар марҳалаи сангине қарор дорад, марҳалае, ки баъд аз ҷанг миёни ду кишвари узв – Русия ва Гурҷистон дар моҳи августи соли 2008 оғоз шуда то ҳол идома дорад.

Аз сӯи дигар, раёсати Қазоқистон дар САҲА дар вазъе шурӯъ мешавад, ки аҳзоби мухолифи ҳукумат ва созмонҳои байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар аз тақвияти низоми истибдодии Қазоқистон ҳарф мезананд, аз тақвияти низоме, ки мухолиф бо ғояҳои демократии Созмони амният ва ҳамкории Аврупост.

Дар як паёми видеоӣ ба аъзои Шӯрои доимии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба он нукта таъкид кард, ки оё ин созмон метавонад гуногунрангии ҷаҳон дар қарни 21-ро дарк намояд ваё як ниҳоди ғарбии дур аз шарқ боқӣ хоҳад монд.

Раҳбари Қазоқистон ҳамчунин гуфт, ки “афкори қолабӣ дар бораи кишварҳои собиқ шӯравӣ то ҳанӯз дар ақоиди бархе аз ҳампаймонҳои мо дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо авлавият дорад, ҳарчанд мо қариб ду даҳсола боз ба ҷомеаи демократии ҷаҳонӣ мепайвандем. Дар ин замина он эътимоде, ки кишварҳои узви Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ба мо карданд, барои Қазоқистон аҳамияти хоса хоҳад дошт”.

Дар ҳамин ҳол имрӯз ҳизби Озод, як ҳизби мухолифи ҳукумати Қазоқистон, дар як паём ба Созмони амният ва ҳамкории Аврупо хостори шомил кардани раҳбарони шинохтаи мухолифин ба ҳайати расмии Қазоқистон дар САҲА шуд. Ин ҳизб ҳамчунин аз Маҷмааи парлумонии созмон хоҳиш намуд, ки вазъи демократия дар Қазоқистонро мавриди баррасии хоса қарор бидиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG