Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Равам ба зиёрати қабри солдати тоҷик…


Бахтиёр Файзуллоев

Бахтиёр Файзуллоев

Хавои Киев ачоиб аст. Бороне борида истодааст, ки мислаш ман дар Ватан надидаам. Ачоиб борони махин, чунон махин, ки хатто борон хам не. Ох чи хел форам аст, сайр дар чунин хаво. Сахт ёд кардам Ватанро.

Пеш аз ба сафари Укроин баромадан як кори аҷоиб шуд. Бобои як коргарамон дар вақти Ҷанги Бузурги Ватани бе ному нишон гардида будааст. Аввал аз вай хат мегирифтанду баъд дигар на хат ва на номаи сиёх. Баъди чанг беҳисоб бор ба Архиви маркази муроҷиат мекунанд, чандин ҷойҳоро кофтанд аммо ягон хатту хабаре наёфтанд. Волидайнаш боҳасрат аз дунё гузаштанд. Фарзанди бародари хурдиашро ба номи хамон солдати гумгашта Абдусаттор номиданд. Мо ҳам аз карнайчӣ як суфу пуф гуфтему ба Архиви маркази (Центральный архив, Москва) нома навиштем, баъди чанд вакт чанд мактуби гуногун гирифтем…

Баъди он ки Киев омадам, аз интернети бепул истифода бурда ба кофтуков даромадам. Боз маълумоти ҳархела. Баъд як коргари инҷоӣ (Владимир Викторович Каниветс) гуфт, биё ба ҳамаи ин адресҳо занг мезанем. Дар ҷавоб ба занги мо боз ҷавобҳои ҳархела, яке мегуфт, братская могила, ному насаб нест, дигаре мегуфт, чунин ном нест ё шояд бо дигар ном сабт шуда бошад ва ҳоказо. Аммо як нафар ҷавоб дод, ному насаби солдатро диҳед ва баъди нисфирӯзӣ занг занед, ман рӯйхатро дида мебароям. Шахсе, ки мо меҷустем, бо ному насаби гуногун дарёфтам аз инет. Пас номи аз ҳама паҳншудаашро пешниҳод кардам Кахоров Саттор. Рӯзи ҷумъа буд аз ин рў ман имкони баъди нисфирўзӣ истоданро надоштам.

Бегоҳ ба ман Каниветс занг зада гуфт, ки "Каххаров Абдусаттор" ҳасту аз шахси гуфтаи ту нишон не. Воҳ!!! Шодиям ҳадду канор надошт. Аслан исми солдат Абдусаттор буд…

Эҳҳа ман ин боронро ҳеч чиз не гӯям, мӯи сарамро тамоман тар кардааст-ку. Зуд савор шудам ба маршрутка (ҳм, маршрутка? Автобуси на он қадар калон гӯем дуруст). Яке аз достопримечательности шаҳри Киев «Киевский торт» будааст. Ният кардам, равам як торт гираму барам барои хушхабараш, бо кадами ширини точикона (ман точикам-ку!!!). Дар масҷид бо тоҷиконамон вомехӯрам. Аввал хостам аз муфтӣ – Аҳмади Тамим суол кунам, ки Худо раҳмат кунад, шояд беҷаноза гӯронида шуда бошад, оё ҷанозааш хонам дуруст аст.

Ба бахти ман як ҷавони донишманд аз Исфара омадааст – Исмоил. Дар борааш баъдтар вақт шавад менависам. Азбаски мо суннимазҳабем, бехтараш ҷавобро аз у гирам. Ҷавоб дод, ки ҷаноза лозим нест ва зиёрати қабр ҳам аз нигохи шариат дуруст аст. Ва ояти Каломуллоҳро ба ҳамаи мусалмонони хокшуда бахшӣ дуруст аст, ҳеҷ боке надорад, гарчанд дар «братская могила» мусалмон ҳам хобу номусалмон ҳам…

Меравам иншооллоҳ ба ноҳияи Шпола ба деҳаи Василково. Мекобам пиронсолони деҳро шояд ягон шахсе монда бошад, ки донад худораҳматиро…

Худовандо…

Бахтиёр, муаллифи "Блоги Бахтиёр"

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG