Пайвандҳои дастрасӣ

Ваъдаи раисиҷумҳур дар мавриди таъмини шафофияти интихоботи парлумонии моҳи феврал ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистонро, тавре ба назар мерасад, як андоза, ба истилоҳ, даступохӯрда кардааст.

Дилсардии аксари ин аҳзоб, ки ба имкони баргузории як интихоботи озод ва одилона дар Тоҷикистон ба назари шубҳа нигоҳ мекарданд, боис шуд, ки онҳо ба ин маърака омодагии чандоне нагирифтанд.

Ин аст, ки дар марҳилаи пешбарии номзадҳо пешсаф ҳамоно ҳизби ҳокими халқӣ-демократист, ки теъдоди бештари номзадҳо дар ҳавзаҳои инфиродиро то кунун муаррифӣ кардааст. Ҳизби ҳоким ҳамин тавр дар аксари маворид мансабдорони собиқадорро ба курсии вакилӣ пешбарӣ кардааст, зеро мутмаин аст, ки онҳо бо истифода аз нуфузе, ки доранд, дар интихобот ҳатман баранда хоҳанд шуд.

Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ дар муқоиса бо аҳзоби мухолиф номзадҳои шинохтатар ва дар ҷомеа бештар матраҳро пешбарӣ кардааст, ки шонси ҳизби ҳоким ба пирӯзӣ дар ин маъракаро хоҳад афзуд ...
Таҳлилгарони давлатӣ ҳам бар ин боваранд, ки ҳизби ҳоким дар интихоботи моҳи феврал бар рақибони худ ба осонӣ ғолиб хоҳад омад.

Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, гуфт, ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ дар муқоиса бо аҳзоби мухолиф номзадҳои шинохтатар ва дар ҷомеа бештар матраҳро пешбарӣ кардааст, ки шонси ҳизби ҳоким ба пирӯзиро дар ин маърака хоҳад афзуд. Ба эътиқоди Сӯҳроб Шарифов, интихобот ин як маъракаи муҳими сиёсӣ аст, на бозии сиёсӣ.

Сайфулло Сафаров муовини Маркази таҳқиқоти стратегӣ гуфт, ки аҳзоби мухолиф бо як назари танг вориди сабқат шуда, намехоҳанд, ки аз нерӯҳои берунҳизбӣ истифода кунанд. Оқои Сафаров чунин бархӯрдро намунаи заъфи ин ташаккулҳои сиёсӣ медонад ва мегӯяд, ки потенсиали ҷамъияти Тоҷикистон хеле пурқувват аст ва ҳамаи онҳоро ҲХДТ пурра истифода карда наметавонад. Лек агар ин ҳизбҳо истифода кунанд, ин ба манфиати ҷомеа мешавад.

Аммо намояндагони аҳзоб мегӯянд, мушкили онҳо бештар дасти танг аст, на тангии назар. Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, мегӯяд, ки ҳизби ӯ тавонистааст, як идда шахсиятҳои обрӯманд ва шинохтаро ба интихоботи моҳи феврал басиҷ кунад. Ба гуфти вай, аз нигоҳи назар ба ҳама масоили ҷомеа назари ҲСДТ аз назари ҲХДТ васеътар аст.

Коршиносон имконоти маҳдуди молӣ ва адами як сохтори муассири ҳизбиро, ба хусус дар музофот, аз дигар омилҳое медонанд, ки дасти аҳзоби ба хусус мухолифро аз мушорикати густарда дар интихоботи моҳи феврал кӯтоҳ мекунад.

Дар рӯйхати аҳзоби сиёсӣ афроде ҳам роҳ ёфтаанд, ки чандон ҷуръат ва дарки сиёсӣ надоранд ва ҳатто аз худ дифоъ карда наметавонанд, чи ҷойи ҳарфи пирӯзӣ дар интихобот ...
Як ташаккуле, ки имкониятҳои нисбатан хуби молӣ ва ҳам як сохтори нисбатан беҳтари ҳизбӣ дорад, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст. Вале раиси ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ дар бораи имконоти ҳизбаш дар интихоботи дарпешистода мегӯяд, агар воқеан масъулини давлатӣ эҳсос мекунанд, ки ҳизбҳои сиёсӣ шахсиятҳои варзида надоранд, бояд ки комиссияҳои интихоботиро иҷоза медоданд, ки намояндагони ҳизбҳо ба онҳо ворид мешуданд. Ва инро интихобот нишон медод, ки оё ҳизбҳои сиёсӣ шахсиятҳои арзанда доранд ё не.

Вале Иброҳим Усмон, таҳлилгари масоили сиёсӣ, бар ин назар аст, ки мутаассифона дар рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ афроде ҳам роҳ ёфтаанд, ки чандон ҷуръат ва дарки сиёсӣ надоранд ва ҳатто аз худ дифоъ карда наметавонанд, чи ҷойи ҳарфи пирӯзӣ дар интихобот. Агар ба рӯйхати ҳизби нигоҳ кунед, меафзояд ӯ, аксарияташон дар сатҳи маҳалашон шинос нестанд, чи расад ба он, ки дар ҷумҳурӣ муаррифӣ нашудаанд.

Дар ҳар сурат, аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар чунин як ҳоли даступохӯрдагӣ вориди марҳалаи навбатии интихобот – маъракаҳои таблиғотӣ мешаванд. Пешбурди корзори интихоботӣ, ба гуфтаи як мусоҳиби мо, як кори хеле пурҳазина аст ва аҳзоби мухолиф, ки дар даст танҳо ваъдаи хушку холии давлат дар мавриди баргузории як интихоботи шаффофро доранд, аз сарфи маболиғи бузург дар ин маърака ҳамчунон андеша мекунанд, ки мабодо кори интихобот мисли дафъаҳои гузашта боз ҳам ба тақаллуб ба нафъи намояндагони давлат бикашад ва маблағҳои дар интихобот гузоштаи аҳзоб ин бор ҳам ба ҳаво биравад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG