Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими ҷанозаи Масъудалӣ Муҳаммадӣ дар Теҳрон


Имрӯз дар Теҳрон маросими ҷанозаи донишманди маъруфи бахши физикаи ҳастаӣ Масъудалӣ Муҳаммадӣ баргузор шуд. Ӯ субҳи рӯзи сешанбе дар канори манзилаш дар маҳаллаи Қайтарияи Теҳрон аз таркиши бомбе, ки дар мотосикл гузошта шуда буд, ба ҳалокат расид. Масъулияти ин ҳамларо ҳанӯз нафаре ё гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст. Ва аммо Теҳрон дар ин куштор “ҷосусони зархариди ИМА ва Исроил дар кишвар”-ро айбдор кард. Дар маросими ҷанозаи Масъудалӣ Муҳаммадӣ беш аз ҳазор нафар ширкат карданд ва бархе онҳо “Марг ба Исроил” ва “Марг ба Амрико” шиор мезаданд.
XS
SM
MD
LG