Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай ҳамлаи маргталабона дар Урузгонро маҳкум кард


Теъдоди қурбониёни ҳамлаи маргталабона дар вилояти Урузгони Афғонистон ба 20 нафар расид. Дар ин ҳодиса, ки имрӯз дар бозори бузургтарин шаҳри вилоят - Деҳравуд ба вуқӯъ пайваст, даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуданд. Ҳомид Карзай, раисҷумҳури Афғонистон, ин ҳамларо шадидан маҳкум кард ва гуфт, ки он алайҳи шаҳрвандони бегуноҳ сурат гирифтааст.
Рӯзи панҷшанбе ҳайати фармондеҳии НАТО дар Афғонистон аз як ҳамлаи маргталабонаи дигар дар вилояти Ҳилманд хабар дод. Дар ин ҳамла як корманди полис кушта шуда, панҷ нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG