Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари дастаи футболи «Вахш» ба Маскав


Дастаи футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа барои ширкат дар ҳаждаҳумин давраи мусобиқоти байнулмилалии Ҷоми қаҳрамонони Ҷомеаи Кишварҳои Муштаракулманофеъ ва Балтик шаби 14-уми январ ба шаҳри Маскави Русия сафар кард.

Қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар сабқати гурӯҳи «В» дар маҷмаъаи варзишии «Динамо» 16-уми январ бо дастаи «Боку»-и Озарбойҷон, 17-уми январ бо тими «Оқтеппа»-и Қазоқистон ва 19-уми январ бо ХИК-и Финландия бозӣ мекунад.

«Вахш» пеш аз сафари Маскав дар доираи омодагиҳо ба ин мусобиқоти байнулмилалӣ 13-уми январ дар майдони худ бо «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бозии санҷишӣ анҷом дод ва бо ҳисоби 1:2 мағлуб гашт. Нахуст ҳисобро Рустам Усмонов, ҳамлагари мизбонон, дар дақиқаи 67-ум боз кард. Ду голи меҳмононро Аскар Равшанов (дақиқаи 80-ум) ва Хуршед Маҳмудов( 90+5) ба самар расонданд.

Ба иттилоъи раҳбарони ҳарду даста маблағи аз фурӯши чиптаҳо ба даст омада ба суратҳисоби Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» гузаронда шуд.



Баъди анҷоми ин бозии контролӣ Аслиддин Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи «Вахш», дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, «дар ҳайати дастаи мо дар шаҳри Маскав дар баробари футболбозони худӣ – дарвозабон Фарҳод Юлдошев, ҳимоятгарон Субҳон Хоҷамов, Алексей Неъматов, Меҳроб Заҳурбеков, Акмал Сабуров, нимҳимоятгарон Рустам Хоҷаев, Камолҷон Ортиқов, Анвар Норқулов, Абдуқаюм Қарабоев, Маҳмадалӣ Содиқов, ҳамлагарон Нӯъмонҷон Ҳакимов, Рустам Усмонов, Ҷомихон Муҳиддинов, Фозил Сатторов, инчунин, бозигарони даъватшуда – ҳамлагар Юсуф Рабиев, нимҳимоятгар Фатҳулло Фатҳуллоев ва ҳимоятгар Соҳиб Сувонқулов ( ҳарсе аз тими «Истиқлол»-и Душанбе), ҳимоятгар Асадулло Нуруллоев («Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров), нимҳимоятгар Баҳодур Шарифов («Хуҷанд»-и Хуҷанд), дарвозабон Алишер Тӯйчиев («Металлург»-и Бекободи Узбакистон) ва ду футболбози африқоӣ - ҳимоятгар Даниэл Тего ва ҳамлагар Дэвид Тетте ( аз кишвари Гана, ки порсол узви дастаи «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон буданд), ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Воқеъан, дар мавриди ду бозигари африқоӣ дар расонаҳои хабарӣ сарусадоҳо зиёданд. Ҳаминро гуфтаниам, ки масъалаи бастани қарордод бо онҳо пас аз гуфтушуниди мо бо раҳбарони бошгоҳи «Дордой-Динамо» дар шаҳри Маскав ҳал хоҳад шуд».

Футболбозони нави дастаи "Вахш" Даниэл Тего (аз рост) ва Дэвид Тетте дар сабқати Маскав ширкат хоҳанд кард
Футболбозони африқоӣ Даниэл Тего ва Дэвид Тетте дар сӯҳбат бо хабарнигори радиои Озодӣ иброз доштанд, ки қарордоди онҳо бо бошгоҳи футболи «Дордой-Динамо» моҳи ноябри соли 2009 ба анҷом расида буд: «Дар ҳоли ҳозир мо футболбозони озод ҳастем ва бо даъвати раҳбарони бошгоҳи футболи «Вахш» аз рӯзи 4-уми январ дар ин даста дар шаҳри Қӯрғонтеппа тамрин мекунем. Мақсад дорем, ки пас аз сафари шаҳри Маскав бо бошгоҳи футболи «Вахш» қарордод имзо кунем».

Ба гуфтаи Аслиддин Ҳабибуллоев дастаи «Вахш» барои бори севвум дар Ҷоми Иттиҳод ширкат меварзад. Вай афзуд, «мо ният доштем, ки ҳадди ақал як ҳафта пеш аз оғози ин мусобиқаи байнулмилалӣ ба шаҳри Маскав ё Қазони Русия сафар карда, дар майдони рӯпӯши сунъӣ ду-се бозии санҷишӣ анҷом диҳем, вале ба иллати камбуди маблағ ин нақшаамон амалӣ нагашт. Рақибони мо дастаҳои пурқувватанд, ки ба ин мусобиқот ҳам дар кишвари худ ва ҳам дар хориҷа омодагии хуб дидаанд. Вале бо вуҷуди ин мо мекӯшем, ки бозии хуб нишон диҳем ва, албатта, барои ба даври баъдӣ роҳ ёфтан талош хоҳем кард».

Тақвими бозиҳои гурӯҳи «B»:

16 –уми январ (шанбе)
Манежи "Динамо": "Вахш" –«Боку» .13.00.
МВ "Олимпийский": «Оқтеппа» - ХИК. 13.00.

17-уми январ (якшанбе)
Манежи "Динамо": «Оқтеппа»–"Вахш".13.00.
МВ "Олимпийский": «Боку» – ХИК. 13.00.

19 –уми январ (сешанбе)

Манежи "Динамо": ХИК–"Вахш".13.00.
МВ "Олимпийский": «Оқтеппа» – «Боку». 13.00.

20-уми январ (чоршанбе)
МВ "Олимпийский. 1/4 финал
Ғолиби гурӯҳи "Д" –ҷои 2-юми гурӯҳи "С". 13.00.
Ғолиби гурӯҳи "В" – ҷои 2-юми гурӯҳи "А". 15.00.
Ғолиби гурӯҳи "С" – ҷои 2-юми гурӯҳи "Д". 17.00.
Ғолиби гурӯҳи "А" – ҷои 2-юми гурӯҳи "В". 19.00.

22-юми январ (ҷумъа)

МВ "Олимпийский"
Бозии аввали нимфиналӣ.16.00.
Бозии дуюми нимфиналӣ.19.00.

24 -уми январ (якшанбе)

МВ "Олимпийский"
ФИНАЛ. 15.00.
XS
SM
MD
LG