Пайвандҳои дастрасӣ

Нисфи ҷамъияти Русия итминон доранд, ки расонаҳои нав ба мисли васоити иттилоотии интернетӣ наметавонанд, ба таври пурра ҷои расонаҳои анъанавӣ. аз ҷумла телевизиону радиоро бигиранд.

Маркази омӯзиши афкори умуми Русия хабар медиҳад, ки баъд аз омӯзиши мизони маъруфияти васоити ахбори умум дар байни сокинони ин кишвар ба чунин хулоса омадааст. Вале айни замон, 37 дар сад ё ҳар нафари сеюм дар Русия бовар доранд, ки расонаҳои интернетӣ дер ё зуд пурра ҷои расонаҳои иттилоотии то ҳол амалкунандаро хоҳад гирифт. Дар пурсиши мазкур, ки охири моҳи декабр анҷом шуда натиҷаҳояш рӯзи чоршанбе нашр шуд, 1600 сокини 140 минтақаи Русия ширкат кардаанд.

Дар як сӯҳбати телефонӣ бо Маскав аз раиси идораи таҳқиқоти сиёсии Маркази омӯзиши афкори умуми Русия, Степан Лвов, хоҳиш кардам муҳимтарин нукоти пажӯҳиши навро барои шунавандаҳои радиои Озодӣ хулоса кунад:

“Дар маҷмӯъ сокинони Русия аз кори васоити ахбори умум розиянд ва 53 дар сад мегӯянд, ки ҳамаи онҳо ҷавобгӯи талаботи қишрҳои гуногуни ҷомеа ҳастанд. Пеш аз ҳама чунин қаноатмандиро ҷавонони 18-24-сола ва дорои маълумоти олӣ баён кардаанд. 33 дар сад баракс аз кори расонаҳо аслан розӣ нестанд. Як чизи ҷолиб ин аст, ки аз нигоҳи қишри калонсоли ҷомеа, яъне 45-60-солаҳо ва сокинони шаҳрҳои хурд расонаҳо дар баробари ироаи маълумот бояд бори муайяни маънавиву ахлоқӣ ҳам дошта бошанд. Ҳар нафари сеюм дар пурсиши мо гуфт, ки эътимод дорад, расонаҳои интернетӣ бо гузашти вақт метавонанд, ҷои васоити суннатии ахбор, мисли телевизион, радио ва рӯзномаҳоро бигиранд. Ҷолиб аст, ки аз се ду ҳиссаи ҷамъияти Русия бовар доранд, ки маълумоти сифатан баланду таҳлилӣ, нашрияҳои пурмӯҳтаво, ки бо пул ироа мешавад, ҳамеша харидори худро хоҳанд дошт. 22 дар сад гуфтаанд, ки рӯзе мерасад, нашрияҳои бепул ҷои матбуоти пулакии давриро танг хоҳанд кард”.

Озодӣ: Шумо ба масъалаи ноқаноатмандии ахлоқӣ ё маънавӣ аз кори расонаҳо аз нигоҳи бахши бештар калонсоли ҷомеа таъкид кардед. Вале оё масъалаи пӯшиши мунсифонаву бетарафонаи хабару иттилоот аз ҷониби расонаҳо мавриди норозигии мардум набудааст?

“Бале, онҳоро хеле зиёд масъалаи паст шудани маънавиёти ҷомеа тавассути расонаҳо дар ташвиш гузоштааст. Мавзӯи бетарафиву мизони эътимод ба дурустии хабар ва воқеияти маълумот масъалаест, ки дар навбати дуюм аз ҷониби онҳо матраҳ шудааст”.

Озодӣ: Оё дар заминаи эътимод ба расонаҳо чиҳо гуфта мешавад?

“Ҳамоно телевизион аз назари эътимод ва ҳам мизони истифода дар ҷои аввал қарор дорад. Ҳоло тақрибан 98 дар сади ҷомеаи Русия маълумотро асосан аз телевизион мегиранд ва аҷиб аст, ки дар чашми мардум мизони эътимод ба маълумоте, ки тавассути телевизионҳои минтақаиву маҳаллӣ пахш мешавад, назар ба телевизионҳои марказӣ баландтар аст. Ин ҷо, фикр мекунам, масъала дар баланд будани сатҳи назорат аз кори расонаҳо нақши муҳим мебозад. Агар мизони истифодаву эътимод ба радио ва нашрияҳои даврӣ дар ҳудуди 40-60 дар сад бошад, аз интернет ҳоло 25-30 дар сади ҷомеаи Русия истифода мекунанд”.

Озодӣ: Ҳадафи баргузории чунин як пурсише дар охири соли гузашта чӣ будааст?

“Масъалаи озодии баён мушкили хеле ҷиддии ҷомеаи Русия аст. Ҳадафи мо нишон додани нуқтаҳои заъфи ин масъала ва ҳам роҳҳалҳои он буд. Мо дар ин замина хеле таҳқиқоти зиёд ва дарозмуддате кардем. Бояд гуфт, ки мушкилоти аслии марбут ба дастёбӣ ба озодии баён дар Русия пеш аз ҳама бо дастрасии хабарнигорон ба маълумот вобастааст. Масъала дар ин ки ҳамоно на ҳама сохторҳои давлатӣ дар ироаи маълумот ба хабарнигорон омодагӣ нишон медиҳанд. Мушкили дигар марбути бақайдгирии расонаҳои нав ва оғози кори матбуоти нав мебошад. Вуҷуди назорат аз кори матбуоту расонаҳо аз ҷониби сохторҳои давлатӣ мушкили ҷиддии дигар аст ва ҳамаи ин масъалаҳо бояд ҳал шаванд.”

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG