Пайвандҳои дастрасӣ

Мардуми Ҳаитӣ интизори кӯмакҳои ҷомеаи ҷаҳонианд


Садҳо ҳазор сокинони аз заминларзаи мудҳиш осебдидаи Ҳаитӣ интизори кӯмакҳои оҷили башариянд. То ҳанӯз теъдоди қурбониёни ин офати табиӣ маълум нест ва аммо сарвазири кишвар Жан-Макс Белрив дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии CNN гуфт, ки тақрибан сад ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд. Созмони “Табибони бидуни марз” хабар дод, ки ба қароргоҳҳои муваққатии ёрии таъҷилӣ ҳарчӣ бештар маҷрӯҳон ворид мешаванд ва ҷароҳатҳои аксари онҳо хело сангин аст.
Раисиҷумҳури Ҳаитӣ Рене Превал гуфт, ки дар заминларза раиси дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар кишвар низ ба ҳалокат расиддааст ва аммо мақомоти СММ имкони тайид ваё такзиби ин иттилоъро надоранд. Аз ин пеш СММ хабар дода буд, ки бар асари офати табиӣ дар Ҳаитӣ 14 корманди ин созмон ҷон бохта ва 56 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Заминларзаи мудҳиш дар ин кишвари воқеъ дар ҳавзаи Кариб субҳи рӯзи чаҳоршанбе ба вуқӯъ пайваст.
XS
SM
MD
LG