Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқод аз заъфи аҳзоб дар корзори интихоботӣ


Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази стратегии назди раёсатҷумҳури Тоҷикистон (аз чап)

Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази стратегии назди раёсатҷумҳури Тоҷикистон (аз чап)

Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази стратегии назди раёсатҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, аксари номзадҳои ҳизбҳои сиёсии мухолиф дар сабқати интихоботи парлумонӣ заиф ва ғайриҳирфаиянд.

Вай зимни нишасти хабарии Маркази стратегии назди раёсати ҷумҳурӣ гуфт, аҳзоби мухолиф дар ҳавзаҳои якмандатӣ аксаран афроди номаъруф ва аз ҷиҳати профессионалӣ заифро дар муқобили номзадии чеҳраҳои бонуфузи Ҳизби халқӣ-демократӣ пешниҳод мекунанд. Ин омил, ба гуфтаи ӯ, дар пирӯзии номзадҳои ҲХДТ нақши ҳалкунанда мебозад.

Оқои Шарифов аз аҳзоби мухолиф даъват кард, ки дар сабқати интихоботӣ фаъолияти бештар нишон диҳанд.

Дар ин нишаст инчунин мавзуи амнияти Тоҷикистон матраҳ шуд. Дар ҷавоб ба суоли хабарнигор дар ин робита Абдунабӣ Сатторзода, корманди Маркази стратегии назди раёсати ҷумҳурӣ, афзоиши қочоқи маводди мухаддир ва фаъолшавии ҳаракати Толибон дар кишвари ҳамсояи Афғонистонро хатарҳо аслии хориҷӣ ба амнияти Тоҷикистон номид.

Оқои Сатторзода афзуд, дар дохили Тоҷикистон ба амнияти кишвар бештар шиддат гирифтани таассуби динӣ таҳдид мекунад. Ба гуфтаи намояндаи Маркази стратегии назди раёсати ҷумҳурӣ, ин раванд бояд боиси нигаронӣ бошад.

Нишасти хабарии Маркази стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон дар чаҳорчӯби нишастҳои матбуотии ҳатмии мақомоти кишвар сурат гирифт. Нишастҳои хабарии мақомот соли панҷум аст, ки бо як амри раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳар се моҳ баргузор мешаванд.
XS
SM
MD
LG