Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

280 медали варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонӣ


Соли гузашта варзишгарони тоҷик дар қувваозмоиҳои гуногуни ҷаҳонӣ 280 медал, аз ҷумла, 61 медали тиллоро соҳиб шудаанд. Дар ин бора Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва ҷаҳонгардии Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод ва гуфт, ки “ин беҳтарин дастовард дар чаҳор соли ахир аст”. Ӯ афзуд, ки дар қувваозмоиҳои байнулмилалӣ 694 варзишгар, ба шумули 90 зан ширкат доштанд. Ҳамзамон дар нишасти хабарӣ гуфта шуд, ки соли гузашта назар ба соли 2008 дар кишвар қувваозмоиҳо камтар баргузор шуданд.
Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва ҷаҳонгардии Тоҷикистон хабар дод, ки соли равон варзишгарони тоҷик дар чемпионатҳои ҷаҳон, Бозиҳои олимпии зимистона дар шаҳри Ванкуверм Канада ва дар Бозиҳои исломӣ ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG