Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарони кишварҳо ба нишасти Батумӣ ҳозир нашуданд


Имрӯз дар шаҳри Батумии Гурҷистон конфаронси минтақаӣ оид ба масоили энерҷӣ ифтитоҳ шуд. Ба иттилоъи вазорати умури хориҷаи кишвар, дар нишаст ҳайатҳои даҳ кишвари Аврупои шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Озарбойҷон, Украина, кишварҳои ҳошияи баҳри Балктик, Туркманистон ва Қазоқистон ширкат мекунанд. Қарор аст, ки ҳайати ИМА низ ба хотири ширкат дар конфаронс вориди Гурҷистон шавад. Дар нишасти минтақаӣ мавзӯъи интиқоли захоири энерҷии кишварҳои ҳошияи баҳри Хазар ба Аврупо тавассути долони Қафқози ҷанубӣ баҳсу баррасӣ мешавад.
Қаблан иттилоъ дода мешуд, ки дар конфаронс руасои чанд ҷумҳурӣ, аз ҷумла, Озарбойҷон, Украина ва Лаҳистон ҳузур хоҳанд дошт ва аммо дар лаҳзаи ахир ва бо сабабҳои то ҳол норушан сарони кишварҳо тасмими худро бознигарӣ карданд.
XS
SM
MD
LG