Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳсуд аз ҳамлаи мушакӣ ҷон ба саломат бурд


Ҷунбиши “Толибон” хабари ҳалокати Ҳакимуллоҳ Маҳсуд бар асари як зарбаи мушакӣ ба минтақаи Вазиристони шимолиро рад кард. Имрӯз телевизиони маҳаллӣ хабар дод, ки бар асари ин зарба дасти кам даҳ ошӯбгар кушта шудаанд ва миёни онҳо раҳбари ҷунбиши “Толибон” дар Покистон Ҳакимуллоҳ Маҳсуд низ ҳаст. Ва аммо сухангӯи “Толибон” изҳор намуд, ки Маҳсуд чанд лаҳза қабл аз ин зарба қароргоҳашро тарк карда буд.
Хадамоти амниятии Покистон ҳадс задаанд, ки зарбаи мушакӣ аз сӯи ду ҳавопаймои бидуни сарнишини амрикоӣ сурат гирифтааст. Тайи ду ҳафтаи ахир ин минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон, ки аз такягоҳҳои аслии толибони Покистон маҳсуб мешавад, бори ҳаштум мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор мегирад.
XS
SM
MD
LG