Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Морел: ИА ба бунёди нерӯгоҳҳои хурд сармоя мегузорад


Пйер Морел, фиристодаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар умури Осиёи Марказӣ, хабар дод, ки соли равон Брюссел ба буҷаи Тоҷикистон ба маблағи 75 миллион евро кӯмак хоҳад кард. Баъд аз мулоқот бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе, ӯ ба хабарнигорон гуфт, ки ин кӯмаки пулӣ барои пардохти қарзи нафақа пешбинӣ шудааст. Пйер Морел афзуд, Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин тасмим гирифтааст, ки барои бунёди нерӯгоҳҳои хурд дар рудхонаи Сурхоб, воқеъ дар шарқи Тоҷикистон ва бозсозии нерӯгоҳи Қайроқум 60 миллион евро ҷудо кунад.
Фиристодаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар умури Осиёи Марказӣ дирӯз вориди Тоҷикистон шуд ва бо намояндагони аҳзоби сиёсӣ, кормандони дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва дипломатҳои чанд кишвари аврупоӣ дидору гуфтугӯ дошт. Қарор аст, ки имрӯз ӯ ҳамчунин бо вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ мулоқот кунад.
XS
SM
MD
LG