Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мораторийи ҳукми эъдом дар Муғулистон


Раисиҷумҳури Муғулистон барои ҳукми эъдом дар кишвар мораторий эълон кард. Зимни суханронӣ дар парлумон, Сахиагийн Элбэгдорж пешниҳод намуд, ки ҳукми эъдом ба 30 соли маҳбас иваз карда шавад. Вакилони аҳзоби мухолифи ҳукумат ба нишони эътироз ба пешниҳоди раисиҷумҳур кафкӯбӣ накарданд.
Созмони Amnesty International ваё Афви Байнулмиллал аз пешниҳоди раҳбари Муғулистон барои ворид кардани тағйирот ба қавонини кишвар истиқбол кард ва онро чун "гоме дар роҳи аз байн бурдани ҳукми эъдом" арзёбӣ намуд.
XS
SM
MD
LG