Пайвандҳои дастрасӣ

Ваъдаи кӯмаки Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон


Пйер Моррел, фиристодаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо дар умури Осиёи Марказӣ

Пйер Моррел, фиристодаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо дар умури Осиёи Марказӣ

Пйер Морел, фиристодаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар умури Осиёи Марказӣ, пас аз мулоқот бо раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо дар соли равон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 75 миллион евро кӯмак хоҳад кард.

Намояндаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, имрӯз, 14-уми январ, дар шаҳри Душанбе бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор ва мулоқот анҷом дод.

Иттиҳодияи Аврупо барои дастгирии буҷаи Тоҷикистон дар соли оянда 75 миллион евро кӯмак хоҳад кард, ки дар асоси тавофуқи дуҷониба ба бахши иҷтимоӣ, яъне музди моҳонаи бознишастагон сарф мешавад ...
Мулоқоти ӯ бо президенти Тоҷикистон ду соат идома доштааст. Пйер Морел баъди ин мулоқот бо хабарнигорон гуфт, ки Иттиҳодияи Аврупо барои дастгирии буҷаи Тоҷикистон дар соли оянда 75 миллион евро кӯмак хоҳад кард, ки дар асоси тавофуқи дуҷониба ба бахши иҷтимоӣ, яъне музди моҳонаи бознишастагон сарф мешавад. Ҳамчунин қарор аст Иттиҳодияи Аврупо ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихоботи қарибулвуқӯи парлумонӣ дар Тоҷикистонро назорат кунад

Пер Морел ҳамчунин гуфт, ки ҷиҳати тармим ва навсозии нерӯгоҳи Қайроқум дар шимоли Тоҷикистон ва бунёди истгоҳҳои хурди барқи обӣ дар рӯди Сурхоб дар шарқи ин кишвар 60 миллион доллар кӯмак хоҳад кард.

Намояндаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ гуфт, ки яке дигар аз аҳдофи сафари ӯ ба Тоҷикистон ба интихоботи қарибулвуқӯи парлумонӣ дар ин кишвар иртибот мегирад. Ӯ афзуд, ки Иттиҳодияи Аврупо ҷараёни интихоботи парлумонии Тоҷикистонро аз тариқи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо назорат хоҳад кард, ва умедвораст аст, ки ин маърака дар ҷаҳорчӯби мавозинӣ байналмилалӣ сурат бигирад.

Ӯ мегӯяд, «мо дар чаҳорчӯби муассисаи муштараке, ки дорем яъне Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, дар раванди интихоботи Тоҷикистон ҳузур хоҳем дошт. Гурӯҳи нозирони мо дар интихоботи пешинаи парлумонии Тоҷикистон ширкат доштанд ва ин навбат низ нозирони мо ин маъракаро назорат хоҳанд кард».

Намояндаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки дар рӯзи қабл бо намояндагони бархе аз аҳзоби сиёсии Тоҷикистон масъалаи интихоботи қарибулвуқӯи парлумонӣ дар ин кишварро баррасӣ кардааст.

Раҳматулло Зойиров, раиси ҲСДТ, бар ин назар аст, ки Иттиҳодияи Аврупо масоили иқтисодиро болотар аз мавзуи ҳуқуқи инсон ва арзишҳои демократӣ мегузорад
Ин дар ҳолест, ки намояндагони бархе аз ҳизбҳои сиёсӣ мегӯянд, таваққуи онро надоранд, ки ҷиҳати баргузории интихоботи шаффофу мунсифона Иттиҳодияи Аврупо ва ё Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо таъсир гузошта тавонад.

Раҳматулло Зойиров, раиси ҲСДТ, мегӯяд, Иттиҳоди Аврупо аҳром ва ё фишанги таъсиргузорӣ ба ҳукумат ҷиҳати баргузории интихоботи демократиро дорад, вале то кунун мушоҳида нашудааст, ки ин Иттиҳодия ва махсусан Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо аз он истифода карда бошад. Балки мавзӯи ҳуқуқи инсон ва мурооти арзишҳои демократиро ин созмон дар кишварҳои шӯравии пешин ҳамеша баъд аз масъалаи иқтисод гузоштааст.

Зимнан дар ҷараёни мулоқоти намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо ва президенти Тоҷикистон ҳамчунин масъалаи кӯмаки ин созмон ба зилзилазадагони ноҳияи Ванҷ, таъмини амнияти минтақа ва Афғонистон ва таҳкими марзҳои Тоҷикистон бо ин кишвар бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир мариди баррасӣ қарор гирифтааст.

Пйер Морел ишора кард, Тоҷикистон яке аз нахустин кишварҳои Осиёи Марказист, ки санади ҳамкорӣ бо Бонки сармоягузории Аврупо дар Люксембургро ба тасвиб расонд ва ин иқдом фазои ҳамкорӣ бо ин иттиҳодияро мусоид кардааст. Далели ин иқдом дар қиёс бо соли гузашта тақрибан даҳ баробар афзоиш пайдо кардани кӯмаки ин Иттиҳодия ба буҷаи Тоҷикистон аст. Соли гузашта маблағи ин кӯмак дар ҳаҷми 8 миллион евро будааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG