Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши талошҳо барои кӯмак ба мардуми Ҳаитӣ


Талошҳои байналмилалӣ барои имдод ба Ҳаитии мусибатзада идома дорад, ки бими он меравад, даҳҳо ҳазор нафар бар асари заминларзаи рӯзи сешанбе дар он кишвар ҳалок шудаанд. Амрико, Бритониё ва Фаронса аз ҷумлаи кишварҳое ҳастанд, ки ба Ҳаитӣ гурӯҳҳои наҷотбахш ва маводи зарурӣ фиристодаанд. Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико ваъда дод, кишвараш кӯмакҳои худро ба мардуми Ҳаитӣ дареғ нахоҳад дошт. Ҳилларӣ Клинтон – вазири умури хориҷаи Амрико ва Роберт Гейтс – вазири дифоъ ба хотири расидагӣ ба фалокати табиӣ дар Ҳаитӣ сафарҳои хориҷии худро қатъ кардаанд. Созмони Байналмилалии Салиби Сурх мегӯяд, дасти кам 3 миллион нафар, ё сеяки мардуми Ҳаитӣ мӯҳтоҷи кӯмак хоҳанд шуд. Заминларзаи 7 дараҷаӣ, ки бадтарин заминларзаи 200 соли ахир дар Ҳаитӣ маҳсуб мешавад, хонаҳои зиёдеро дар пойтахти ин кишвар вайрону валангор кард.
XS
SM
MD
LG