Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти Пйер Морел бо мақомоти Тоҷикистон


Пйер Морел - фиристодаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар умури Осиёи Марказӣ, изҳори умедворӣ кард, ки интихоботи порлумонии Тоҷикистон шафофу одилона ва мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сурат мегирад. Дипломати баландмақоми Иттиҳодияи Аврупо барои баррассии масоили ҳамкориҳои ду тараф ва шароити ҳузури нозирони Созмони aмният ва ҳамкории Аврупо дар интихоботи порлумонии рӯзи 28-уми феврал ба Тоҷикистон омадааст. Пйер Морел дирӯз бо намояндагони аҳзоби сиёсӣ мулоқот кард ва интизор меравад, бо раҳбарияти Тоҷикистон ҳам гуфтӯгу хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG