Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Исроил аз Туркия бахшиш пурсид


Ҳукумати Исроил ба хотири рафтори ноҷоиз бо сафири Туркия аз ин кишвар расман узр хостааст. Дафтари Бенямин Нетаняҳу – нахуствазири Исроил, рӯзи чаҳоршанбе бо нашри баёнияе, ибрози умедворӣ кард, ки ин узрхоҳӣ ба ҷанҷоли байни ду кишвар хотима хоҳад дод. Раҷаб Тайиб Эрдӯғон – нахуствазири Туркия, гуфт, Анқара пӯзишеро, ки “мехост ва интизор дошт” гирифт. Ин моҷаро рӯзи душанбе баъди он шурӯъ шуд, ки Деннӣ Аялон – муовини вазири умури хориҷаи Исроил, ба хотири эътироз аз як филми телевизиони Туркия сафири ин кишварро ба вазорат эҳзор карда ва ӯро дар курсии пасте нишонда ва ҳамчунин дасти ӯро нафишурдааст. Дар ин филми туркӣ, маъмурони амниятии Исроил золиму бераҳм тасвир шудаанд. Туркия пештар аз ин таҳдид карда буд, ки агар Исроил барои рафтори таҳқиромез бо дипломати турк, узрхоҳӣ накунад, Туркия сафираш аз Тел Авивро фаро хоҳад хонд.
XS
SM
MD
LG