Пайвандҳои дастрасӣ

Панҷ сарбози хориҷиро дар Афғонистон куштанд


Рӯзи чаҳоршанбе дар Афғонистон чаҳор сарбози Амрико ва як сарбози фаронсавиро куштанд. Ду сарбози амрикоии тобеъи Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба Афғонистон, ба гуфтаи ин нерӯҳо, дар шарқи кишвар бар асари таркиши бомби худсохте ба ҳалокат расидаанд. Сарбози саввуми амрикоӣ дар ҷанг бо ифротгароён дар ҷануби Афғонистон ва чаҳорумӣ низ бар асари инфиҷор дар шарқи ин кишвар ҷон додаанд. Ҳукумати Фаронса эълом кард, ки як сарбозашро бар асари инфиҷори бомбе дар шимолушарқи шаҳри Кобул талаф додааст. Рӯзи чаҳоршанбе ҳамчунин чаҳор мутахассиси артиши Афғонистон ҳангоми хунсо кардани бомбе дар вулусволии шарқии Хӯст ҳалок шуданд.
XS
SM
MD
LG