Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуруснанишинии тарафдорони мухолифони Қирғизистон


Нӯҳ нафар аз тарафдорони мухолифини Қирғизистон ба нишони эътироз аз зиндонӣ кардани як сиёсатмадори мухолиф ва он чӣ, ки "таназулли озодиҳои сиёсӣ дар кишвар" хонданд, ба гуруснанишӣ шурӯъ намуданд. Эътирозгарон дар назди қароргоҳи ҳизби мухолифи Сотсиал Демократ дар шаҳри Бишкек нишеман задаанд. Аввали ҳамин ҳафта додгоҳи низомӣ, Исмоил Исҳоқов вазири пешини дифоъ ва сиёсатмадори мухолифи ҳукумати Қирғизистонро, бо иттиҳоми фасодкорӣ ба ҳашт соли зиндон маҳкум кард. Исмоил Исҳоқов мегӯяд, иттиҳомот алайҳи ӯ ангезаҳои сиёсӣ дорад. Рӯзи сешанбе созмони Хонаи Озодӣ, бо зикри ақибрафти демократия дар ин кишвар, Қирғизистонро кишвари “ноозод” унвон кард.
XS
SM
MD
LG